1---

МАЪЛУМОТ ОИД БА ЛОИҲАИ «РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ ДЕҲОТ» 

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушди Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ барои татбиқи лоиҳаи "Рушди иқтисодиёти деҳот" дар ҳаҷми 30,0 миллион доллари амрикоӣ маблағи грантӣ гирифтааст.

Ҳадафи асосии лоиҳаи «Рушди иқтисодиёти деҳот» ин беҳтар гардонидани шароити зиндагии аҳолӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Хатлон тариқи рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва агробизнес ба ҳисоб меравад.

Лоиҳа аз чор қисмати зерин иборат мебошад:

Қисмати I. Беҳтар гардонидани инфрасохтори ҷамъиятӣ ҷиҳати рушди соҳаҳои сайёҳӣ, агробизнес ва бахшҳои ба он алоқаманд;

Қисмати II. Дастгирии корхонаҳои микро, хурд ва миёна (КМХМ) ва соҳибкороне, ки дар соҳаҳои сайёҳӣ, агробизнес ва бахшҳои ба он алоқаманд фаъолият менамоянд;

Қисмати III. Рушди иқтидор ва хизматрасониҳо оид ба рушди соҳибкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, агробизнес ва бахшҳои ба он алоқаманд;

Қисмати IV. Ҳамоҳангсозӣ ва татбиқи лоиҳа, инчунин идоракунии Барнома оид ба пешниҳоди грантҳо.

 

Барои маълумоти иловагӣ лутфан ба ин сомона гузаред: redproject.tj ё бо мо тамос гиред.