1---

ОИД БА ЛОИҲА

Лоиҳаи тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ (Лоиҳа) аз ҳисоби маблағҳои грантии Ассотсиатсияи байналмиллалии рушд (АБР) бо мақсади дастгирӣ намудани ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушд ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ тайи солҳои охир таҳия гардидааст.

Ҳадафи Лоиҳа – рушди соҳаи кишоварзӣ ва беҳдошти некуаҳволии сатҳи зиндагии аҳолии деҳот тавассути рушд ва баланд бардоштани сатҳи тиҷоратикунонии маҳсулоти кишоварзӣ ва агробизнес иборат буда, дар доираи рушди тиҷорат барои корхонаҳои хеле хурд, хурд ва миёна (намуди нави фаъолият), маблағҳои қарзӣ ва грантҳои баробарҳиссаи пешниҳодшуда дар доираи маблағгузории иловагӣ сурат мегирад

Лоиҳа барои баланд бардоштани тиҷоратикунонии кишоварзӣ тавассути мустаҳкам намудани қобилияти шакли нави хоҷагиҳои деҳқонии хурди хусусӣ бо мақсади ҷалби онҳо ба фаъолиятҳои тиҷоратӣ бо бахши агробизнес ва дастрасӣ ба бозорҳо пешбинӣ шудааст. Ин чорабиниҳо тавассути истифода намудани усулҳои ягона ва иловагие, ки дар ҳалли ҳамаи ҷанбаҳои асосии ин талошҳо пешбинӣ шудааст, дар самтҳои зерин амалӣ карда мешаванд:

  • Баланд бардоштани имконияти деҳқонон, тоҷирон ва коркардкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ (корхонаҳои коркарди маҳсулот) барои иштирок дар бозорҳои кишоварзӣ ба воситаи дастрасӣ ба дониш ва кўмаки техникӣ;
  • Беҳтар намудани дастрасӣ ба сармоягузориҳои молиявӣ;
  • Мустаҳкам намудани унсурҳои муҳими сохторҳои институтсионалӣ ва базаи дониш оид ба соҳа, ки барои дастгирии соҳибкорӣ зарур мебошад.

 Дар навбати худ Лоиҳа ҳамчун замина барои маблағгузорӣ ва сармоягузории минбаъда дар амалигардии ҳамаҷонибаи Барномаи нави таҳияшудаи ислоҳоти аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донорҳо мусоидат менамояд. Маблағгузории иловагӣ ба васеъгардонии имконоти дастрасӣ ба маҳсулоти қарзии дастрас (омехта бо грантҳо) ва хизматрасониҳои машваратӣ бо мақсади дастгирии сармоягузорӣ ба ноҳияҳо дар сатҳи деҳот, рушди корхонаҳои микро, хурд ва миёна, баланд бардоштани истеҳсолот ва барпо намудани ҷойҳои нави корӣ равона шудааст.

Маркази идоракунии лоиҳаҳо “Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди кишоварзӣ”-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои Хатти кредитии маблағгузории иловагӣ ва Барномаи грантҳои баробарҳиссаро ба бенефисиарҳои Лоиҳа тавассути Муассисаҳои молиявии дар доираи Лоиҳа фаъолияткунанда амалӣ менамояд.  Инчунин барои аз худ намудани маблағгузории таъсиси корхонаҳои нав ва ҷойҳои кории нав (худиштиғолӣ) барои гуруҳҳои мақсаднок: старт апҳо барои ҷавонон (то синни 30 сола), занон ва шахсони имкониятҳояшон маҳдуд (маъюбон) дар доираи барномаи Гранти баробарҳисса мусоидат  менамояд.

Лоиҳа дар доираи қисматҳои зерин амалӣ мегардад:

I. Такмил   додани  донишҳои   техникӣ   ва   малакаҳо   барои  дастгирии раванди тиҷоратикунонӣ;

II. Дастрасии молиявӣ барои корхонаҳои агробизнес ва хоҷагиҳои деҳконии  хурди тиҷоратӣ;

III. Тақвияти   иқтидори  институтсионалӣ   ва  идоракунонии Лоиҳа;

IV. Омӯзиш дар самти соҳибкорӣ ва хизматрасониҳо доир ба рушди соҳибкорӣ барои корхонаҳои микро, хурд ва миёна. 

Манфиатгирандагони бевоситаи Лоиҳа ба шумор мераванд:

  • Ассотсиатсияҳои  истеҳсолӣ  ва  фермерие,  ки  фаъолияти  онҳо  ба   тиҷоратикунонӣ  нигаронида   шудааст,  корхонаҳои  агроистеҳсолию  дилерҳое,  ки  дар  доираи   ЗАИ  фаъолият  менамоянд  ва  муносибатҳои  самараноки шарикӣ,  ки  фаъолияти  онҳо аз  ҷониби Лоиҳа дастгирӣ карда мешавад;
  • Муассисаҳои молиявии дар доираи Лоиҳа фаъолияткунанда;
  • Муассисаҳои ҷамъиятӣ ва илмию таълимӣ;
  • Соҳибкорони инфиродӣ ва корхонаҳои микро, хурд ва миёна, бизнес – инркубаторҳо, инчунин хочагиҳои деҳконӣ,  истеҳсолоти  кишоварзӣ, коркарди маҳсулоти хӯрока, истеҳсолоти хурд,   хизматрасонӣ, савдо ва наклиёт фаъолият менамоянд.