1---

БАҲРАГИРАНДАГОНИ ГРАНТҲО

Тибқи лоиҳа, грантҳо дар вилояти Хатлон ва ВМКБ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда мешаванд. Баҳрагирандагони грантҳо шахсоне мебошанд, ки дар шаҳру ноҳияҳо, деҳот ё ҷамоати вилояти Хатлон ва ВМКБ кор ё зиндагӣ мекунанд ва самти фаъолияти онҳо ба соҳаҳои сайёҳӣ ё агробизнес алоқаманд аст.

Гурўҳҳои осебпазир (занон, ҷавонон, занони сардори оила, муҳоҷирони баргашта, хонаводаҳое, ки зиндагиашон ба маблағҳои интиқолӣ аз муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста аст) барои гирифтани грант афзалият доранд.

Бояд қайд кард, ки ҳукумати шаҳру ноҳияҳо, деҳот ё ҷамоатҳои пилотии лоиҳа метавонанд барои гирифтани грант муроҷиат намояд.

Грантҳо

Баҳрабарандагони қисмати беҳтар намудани инфрасохтори сайёҳӣ ва агробизнес ва рушди мавзеҳои ҷолиби сайёҳии маҳаллии лоиҳа:

мақомотҳои худидоракунии маҳаллӣ – аз ҷумла, мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ[1].

  • Ҷамоат - мақомоти худидоракунии деҳот, ки аз ҷониби сокинони деҳот интихоб карда мешавад ва дар доираи салоҳияти худ масъалаҳои аҳамияти маҳаллидоштаро ҳал мекунад [2].  
  • Ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ -ҳамчун иттиҳодияи ихтиёрӣ, худидоракунанда, ғайритиҷоратии шаҳрвандон ё шахсони ҳуқуқӣ, ки дар асоси манфиатҳои умумӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои дар оиннома зикргардида муттаҳид шудаанд, муайян карда мешаванд.

Баҳрабарандагон метавонанд пешниҳодҳои худро дар якҷоягӣ пешниҳод намоянд, вале яке аз баҳрабарандагон бояд роҳбарӣ кунад ва созишномаи грантӣ байни Маркази татбиқи лоиҳа ва ташкилоти пешбар ба имзо мерасад.

Грантҳои муштарак

Корхонаҳои хурду миёна ва соҳибкорони зерин, ки дар соҳаҳои сайёҳӣ, агробизнес ва бахшҳои ба он алоқаманд фаъолият менамоянд, ҳуқуқи гирифтани грантҳои муштаракро доранд:

• Хоҷагии деҳқонони инфиродии ба расмият даровардашуда, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)» (№1289 аз 15 марти соли 2019) муайян шудаанд. Мутобиқи Қонуни мазкур хоҷагии деҳқонӣ метавонад дар шаклҳои зерин ташкил карда шавад:

– бе ташкили шахси ҳуқуқӣ;

– бо ташкили шахси ҳуқуқӣ.

Хоҷагии деҳқоние, ки бе ташкили шахси ҳуқуқӣ таъсис ёфтааст, аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ бо дарҷи калимаҳои «Хоҷагии деҳқонӣ» дар номи худ фаъолият менамояд.

Хоҷагии деҳқонӣ бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ метавонад аз лаҳзаи бақайдгирии давлатии он ҳамчун ширкат ё ҷамъияти хоҷагидор бо дарҷи калимаҳои «Хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» дар номи худ фаъолият намояд.

Гурӯҳҳои фермерон ё ассотсиатсияҳои ба таври расмӣ ба қайд гирифташуда:

- Шарикии оддӣ: Дар асоси шартномаи фаъолияти муштарак кишоварзон ӯҳдадор мешаванд саҳмҳои худро якҷоя намуда, ба таври муштарак бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ барои ба даст овардани фоида ё ноил шудан ба ҳадафи дигаре, ки хилофи қонун нест, амал кунанд. Шартнома дар бораи фаъолияти муштарак бояд дар шакли хаттӣ баста шавад.

- Кооператив - иттиҳодияи шахсони воқеии тибқи тартиби муқарраргардида ба қайд гирифташуда ва дар асоси аъзогӣ таъсисёфта барои қонеъ гардондани эхтиёҷоти якҷояи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маданӣ ва ғайра, инчунин саъю кӯшиши онҳо бо роҳи муттаҳид намудани молу мулк (саҳми ҳисса) ва таъсис додани ташкилоти моликияти муштарак бо идоракунии демократӣ.

• Корхонаҳои хурду миёна (КХМ), ки дар соҳаи сайёҳӣ, агробизнес ё дигар бахшҳои ба он алоқаманд фаъолият доранд, ба таври расмӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки то 200 нафар корманд дошта, гардиши моли онҳо то 15 000 000 сомонӣ (1 500 000 доллари ИМА) мебошад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», №1107 аз 26.07.2014).

• Соҳибкорони инфиродии расман ба қайд гирифташуда, ки дар соҳаҳои сайёҳӣ, агробизнес ё дигар бахшҳои ба он алоқаманд фаъолият доранд. Соҳибкорони инфиродӣ тибқи Кодекси гражданӣ, як қатор қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи соҳибони патенту шаҳодатномаҳо, инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» чунин муайян карда шудаанд:

Мутобиқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» шаклҳои соҳибкорӣ чунин мебошанд:

1. Давлат ҳама гуна намуди фаъолияти соҳибкориро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, эътироф ва иҷозат медиҳад.

2. Соҳибкорӣ мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаклҳои зерин амалӣ карда мешавад:

– бо ташкили шахси ҳуқуқӣ;

– бе ташкили шахси ҳуқуқӣ;

— бо истифодаи меҳнати кироя;

— бе истифодаи меҳнати кироя.

Мувофиқи Кодекси гражданӣ (моддаи 24. «Фаъолияти соҳибкории шаҳрвандон»):

Шаҳрвандон метавонанд бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шаванд (Тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2007 № 247, аз 29 декабри соли 2010 № 640).

Дар асоси моддаи дуюми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» (№508 аз 19 майи соли 2009) - ҳуҷҷати аз ҷониби мақоми бақайдгирии давлатӣ додашуда (Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ё Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ё Патент барои ҳуқуқи пешбурди фаъолияти соҳибкории инфиродӣ) таъсис, азнавташкилдиҳӣ ё барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ, оғоз ё қатъи фаъолияти шахси воқеиро ҳамчун соҳибкори инфиродӣ тасдиқ мекунад.

  • Рассомон - шахсони воқеие, ки дар асоси патент кор мекунанд, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 451 аз 31.08.2012с.
  • Ҳунармандон - тибқи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2019, №1619 «Дар бораи ҳунарҳои мардумӣ» ҳамчун шахси воқеии дорои маҳорат, ҳунармандӣ, дониш ва (ё) тахассуси касбӣ, ки ба фаъолияти ҳунармандӣ машғуланд, муайян карда мешаванд.
  • Ассотсиатсияҳо ва гурӯҳҳои расман ба қайд гирифташудаи чунин соҳибкорони ба қайд гирифташуда ва КХМ.
  • Агентҳои сайёҳӣ (туроператор) – Ҳама ширкатҳои туроператорие, ки метавонанд аз лаҳзаи гирифтани иҷозатномаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шаванд.
  • Стартапҳои ба қайд гирифташуда ҳуқуқ доранд дар шакли грантҳои муштарак маблағгузорӣ гиранд.
  • Бахши ғайрирасмӣ дар доираи барномаи грантӣ дастгирӣ нахоҳад ёфт. Бенефитсиарҳои эҳтимолии ғайрирасмӣ дар сурати ба расмият даровардани фаъолияташон метавонанд барои гирифтани грантҳои муштарак муроҷиат намоянд ва  дар доираи барномаи грантии муштарак дастгирӣ ёбанд. Грантдиҳандагон метавонанд раванди расмикунонии онҳоро дастгирӣ кунанд.

Талабот оид ба моликият: Корхонаҳои хурду миёна, ки дар доираи Барномаи грантҳо дастгирӣ мешаванд, бояд дорои моликияти аксарияти ватанӣ (дохилӣ) бошанд (50,1% ё бештар аз он) ва набояд барои мол ва хизматрасониҳое маблағгузорӣ карда шаванд, ки аз ҳисоби грантҳо аз дигар манбаъҳо маблағгузорӣ карда мешаванд. Моликияти гурӯҳ ё ассотсиатсия низ бояд асосан моликияти дохилӣ (ватанӣ) бошад (50,1% ё бештар).

ТАЛАБОТИ ДИГАРИ МУТОБИҚАТ

Ҷойгиршавии ҷуғрофӣ: Лоиҳаҳое, ки аз ҳисоби грантҳо ва грантҳои муштарак маблағгузорӣ мешаванд, бояд дар вилояти Хатлон ё ВМКБ амалӣ карда шаванд. Баъзе аз баҳрабарандагони грантҳо, аз қабили агентҳои сайёҳӣ метавонанд дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон ба қайд гирифта шаванд ва дафтари асосии худро дошта бошанд, аммо онҳо бояд дар вилояти Хатлон ё ВМКБ фаъолият намоянд. Грантҳо ва маблағҳои грантии алоқаманд танҳо барои лоиҳаҳо ва сармоягузорӣ дар вилояти Хатлон ва ВМКБ истифода мешаванд.