1---

ҲАДАФҲОИ ЛОИҲАВИИ РУШД

Ҳадаф лоиҳавии рушд: таҳкими нерӯи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи идоракунии хатари офатҳо, вокуниши фаврӣ ҳангоми рух додани офати табиӣ, баланд бардоштани дараҷаи устувории инфрасохтори  муҳим, аз ҷумла инфрасохтори соҳаи нақлиёт ва  соҳаи обёрӣ ба хатарҳои табиӣ  баланд бардошта шавад.   Амалӣ намудани ҳадафҳо имкон медиҳад, ки хатари офатҳо кам карда шуда,  ҷумҳурӣ имкон пайдо мекунад ҷиҳати кам кардани хароҷот тадбирҳои муҳим андешад.

БАҲРАБАРАНДАГОНИ ЛОИҲА

Дар ҳудуди минтақаҳое, ки Лоиҳа  дар самти пулҳо ва иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ устувор гардонида мешавад бештар аз 650 000 нафар одам зиндагӣ мекунад.  Бештар аз 260 000 ҳазор нафар, ки ҳар сол дар натиҷаи офатҳои табиӣ зарар мебинанд,   тавассути сохтани Маркази миллии идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ ба хизматрасонии беҳтар дастрасӣ пайдо мекунанд.  Баҳрабарандагони бевосита аз вилояти Хатлон сокинони 37 деҳа мебошанд, ки дар он ҷо иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ  барқарор карда мешаванд. Дар ин маҳалҳо бештар аз 110 000 ҳазор нафар зиндагӣ доранд.

Дар ВМКБ бошад сокинони 23 деҳа, ки дар он ҷо пулҳои зарардида барқарор карда мешаванд ва теъдоди аҳолӣ 12 000 нафарро ташкил медиҳад, баҳрабарандагони бевосита мебошанд.

Манфиати дигар барои ҷумҳурӣ аз барқарор шудани шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Хоруғ- Мурғоб- Кулма мебошад. Ин шоҳроҳ ҷмуҳурии моро ба Ҷумҳурии халқии Чин мепайвандад ва барои рушди иқтисодиёти кишвар хеле муҳим аст. Сокинони ҳудуди ин шоҳроҳ низ аз амалисозии Лоиҳа бевосита баҳра мебардоранд ва дар ин замина иқтидори ҷумҳурӣ  дар самти вокуниш ба офатҳои табиӣ баланд бардошта мешавад.  Бештар аз 51 фоизи баҳрабарандагони Лоиҳаро занҳо ташкил медиҳанд.

Аз татбиқи Лоиҳа кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, инчунин Вазоратҳои молия ва нақлиёт, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва зилзиласанҷии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоқикистон дар самти рушди имкониятҳои техникӣ ва идоракунӣ баҳра мебардоранд.

Сармоягузор: Бонки Умумиҷаҳонӣ Ассотсиатсияи байналмилалии рушд.

Оғози лоиҳа: 8 феврали соли 2018

Анҷоми лоиҳа: 31 декабри соли 2023

Ҳудуди амалисозии лоиҳа: шаҳру ноҳияҳои Вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе.

КОМПОНЕНТҲОИ ЛОИҲА:

Компоненти I.

                       ТАҲКИМИ НЕРӮ ДАР СОҲАИ ИДОРАКУНИИ ХАТАРИ ОФАТҲО (ИХО)

Ин компонент аз 3 зеркомпоненти иборат мебошад:

Азнавкунии техникии марказҳо ва системаҳои идоракунӣ  ҷиҳати омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда.

Баҳодиҳии хатарҳои зилзила бо мақсади муайян кардани хатари офатҳо.

Омода кардани стратегияи  ҳимояи молиявӣ барои кам кардани зарарҳои аз офатҳои табиӣ расанда.

Компоненти 2.

ТАЪМИНИ УСТУВОРИИ ИНФРАСОХТОРИ МУҲИМ БА ХАТАРҲОИ ТАБИӢ.

Зеркомпоненти 2.1. Мустаҳкам намудани ифрасохтори муҳимтарини нақлиётӣ

Зеркомпоненти 2.2. Мустаҳкамкунии ифрасохтори муҳимтарини зиддиобхезӣ ва иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ

Компоненти 3.

ВОКУНИШ БА ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА АНГОМИ ЗАРУРАТ ТАЪМИН НАМУДАНИ ВОКУНИШИ ФАВРӢ БА ҲОЛАТИ БУҲРОНӢ Ё ФАВҚУЛОДДА.

Компоненти 4.

ИДОРАКУНИИ ЛОИҲА.

Амалисозии Лоиҳа

Таҳкими нерӯи Ҷумҳурии Тоҷикистон.  дар соҳаи ҳамоҳангсозии Лоиҳа, назорат, идоракунии молиявӣ, хариду фурӯш тавассути пешниҳод намудани мол ва хизматҳои машваратӣ, таълим ва маблағгузории Хароҷотҳои амалиётӣ сурат мегирад.

Мақомотҳои татбиқкунанадаи лоиҳа:

Муассисаи давлатии Маркази татбиқи лоиҳаи “Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот”-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муассисаи давлатии “Маркази идораи лоиҳаи идоракнии захираҳои обии водии Фарғона”-и назди Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Гурӯҳи идоракунии лоиҳа дар назди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон: