1---

МАЪЛУМОТ ОИД БА ЛОИҲАИ

“БЕҲТАР НАМУДАНИ ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН”

 

Мақсади лоиҳа: ин баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот тавассути беҳтар намудани идораи захираҳои обии тобовар ба тағйирёбии иқлим буда, боиси афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, зиед гардидани даромади хоҷагиҳои деҳқонӣ, амнияти озуқаворӣ ва беҳтар гардидани дастрасӣ ба таъминоти оби ошомиданӣ хоҳад гашт.

Минтақаҳои татбиқи лоиҳа: ноҳияҳои Темурмалик, Данғара, Восеъ, Н. Хусрав ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон.

Маблағи умумии лоиҳа 53,5 млн. доллари ИМА:

  • қарзи Бонки Исломии Рушд – 15,0 млн. доллари ИМА,
  • қарзи Фонди Саудии Рушд – 25,0 млн. доллари ИМА,
  • қарзи Фонди Байналмилалии Рушди ОПЕК – 10,0 млн. доллари ИМА ва
  • ҳиссаи Ҳукумати Тоҷикистон 3,5 млн. доллари ИМА.

Лоиҳа аз чунин қисматҳо иборат мебошад:

Қисмати A

(37,5 млн. доллари ИМА). Беҳтар намудани идоракунии захираҳои об дар ноҳияҳои Данғара, Темурмалик, Н. Хусрав ва шаҳри Кӯлоб бо амалӣ намудани чорабиниҳои зерин:

  • обёрии заминҳои нав дар масиви Пушинг ва Лолазори ноҳияи Данғара (1600га) ва масиви Шулуптуи ноҳияи Темурмалик (400 га);
  • барқарорсозӣ ва азнавсозии пойгоҳҳои обкашӣ дар ноҳияҳои Данғара, Сангтуда (каскад), Восеъ, Селбур, Ленин 1 ва 2, Кӯлобдарё 0 ва 1, Жданов 1 ва 2, Н. Хусрав, Бешкент ва шаҳри Кӯлоб;
  • сохтмон ва барқарорсозии системаҳои обтаъминкунӣ ва санитария дар маҳаллаҳои Кангурт, Оби Ширин ва Гузари тори ноҳияи Темурмалик (17 000 аҳолӣ);
  • таъмини оби нӯшокӣ дар маҳаллаҳои Сангтуда, Қазонгузар, Навобод, Гулистон, Себистон, Калкот, Розиён, Сафобахши ноҳияи Данғара (31 000 аҳолӣ), Зиракӣ ва Офтобрӯяи ш. Кӯлоб (13 250 аҳолӣ).

Қисмати B

(5,04 млн. доллари ИМА). Дастрасӣ ба захираҳои молиявии Бонки Исломии Рушд. Қисмати мазкур аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, тақсимоти захираҳои молиявӣ тариқи бонкҳои тиҷоратӣ ва муассисаҳои молиявӣ бо назардошти талабот ва меъёрҳои шариатӣ ба аҳолӣ пешниҳод карда мешавад.

Қисмати С

(2,3 млн.доллари ИМА). Таҳвили техника ва таҷҳизот барои таъмини устувории идоракунии захираҳои об дар минтақаҳои лоиҳа. Техника ва таҷҳизот ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки барои идоракунии низоми мелиоративӣ ва устувории он, таъмир ва хизматрасонии техникии пойгоҳҳои обкашӣ, таъминоти оби нўшокї ва барои хизматрасонии коммуналӣ масъуланд таҳвил карда мешавад.

Қисмати D

Тарҳрезӣ, назорат ва идоракунии лоиҳа (3,5 млн.доллари ИМА) ва маблағи ғайричашмдошт  (5,1 млн.доллари ИМА).

Татбиқи лоиҳа соли 2021 оғоз гардида, анҷомёбии он соли 2025 дарназар дошта шудааст.

Қисмати E

Идоракунии лоиҳаҳо баррасӣ:

(I) Маблағгузории Маркази татбиқи лоиҳа (маоши кормандон, кории техника, воситаҳои нақлиет, ба хароҷоти ҷорӣ ва хароҷоти дохилӣ сафар)

(II) Оғози семинарҳо, тренингҳо барои кормандони MTL

(III) Хизматрасониҳои молиявӣ, аудити

Татбиқи Қисмати В

 “Дастрасӣ ба маблағгузории исломӣ” дар доираи лоиҳаи мазкур ба уҳдаи Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот”-и назди Вазорати молия вогузор карда шудааст.

Маблағи умумии Қисмати В 5,04 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, пурра аз ҳисоби Бонки Исломии Рушд маблағгузорӣ мешавад. Дар доираи қисмати мазкур 4,5 млн. доллари ИМА барои хати қарзӣ тибқи талаботи бонкдории исломӣ тавассути ташиклотҳои қарзии ҷумҳурӣ ба аҳолӣ пешбинӣ шуда, маблағҳои боқимонда барои хароҷоти ҷории лоиҳа ва дигар хизматрасониҳои машваратӣ равона карда мешаванд.