1---

Нашр аз 11.04.2022

РӮЙХАТИ СЕМИНАРҲО ДАР ҶАМОАТҲО, НОҲИЯҲО ВА ШАҲРОҲО

Суратҳо

Нашр аз 05.12.2021

РӮЙХАТИ СЕМИНАРҲОЕ ДАР ҶАМОАТҲОИ НОҲИЯИ ЁВОН, НОРАК, ДАНҒАРА, ТЕМУРМАЛИК, БАЛҶУВОН ВА ХОВАЛИНГ ГУЗАРОНИДАШУДА

Нашр аз 28.12.2021

РОҲНАМО БАРОИ БАРОИ РОҲБАЛАДОН БО НОМИ "АЗ ХАТЛОН ТО БАДАХШОН"

Бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, муаррифии имкониятҳои таббӣ, таърихию фарҳангӣ, Дар доираи лоиҳаи «Рушди иқтисодиёти деҳот» аз ҷониби Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ, китоби Роҳнамо барои барои роҳбаладон бо номи "Аз Хатлон то Бадахшон" таҳия карда шуд.

Роҳнамои мазкур бо назардошти ҷолибиятҳои сайёҳӣ, маконҳои таббӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дар бар мегирад. Маводи зикршуда фарогири маълуомти ривоятҳо, харитаи расид то минтақа ва аксҳо мебошад.

Китоби роҳнамо дар асоси сарчашмаҳои илмӣ, ривоятҳо, фолклор ва бостоншиносӣ таҳия гардида он 20 ёдгории вилояти Хатлон ва 21 ёдгории ВМКБ ро дар бар мегирад ва бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ барои роҳбаладон омода гардида, барои истифода ба Кумита рушди сайёҳӣ пешниҳод шудааст.

Ин дастур барои роҳбаладони соҳаи сайёҳӣ бо мақсади дуруст муаррифӣ намудани иқтидорҳои сайёҳии кишвар ҳангоми хизматрасонӣ ба сайёҳони дохилию хориҷӣ таҳия шудааст.

Маконҳои мероси дар ин дастур зикршуда дар вилояти Хатлон ва ВМКБ ҷойгир шудаанд. Рӯйхати ин объектҳоро Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст.

Грант барои ин лоиҳаи тадқиқотӣ аз ҷониби Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушди Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ (БҶ) барои татбиқи Лоиҳаи “Рушди иқтисоди деҳот”-и назди Вазорати молия  (ЛРИД) пешниҳод шудааст.

 Лоиҳаро Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) дар ҳамкорӣ бо коршиносони донишгоҳҳо ва донишкадаҳо амалӣ намуданд.

ЗЕРКАШӢ КУНЕД -  РОҲНАМО БАРОИ БАРОИ РОҲБАЛАДОН БО НОМИ "АЗ ХАТЛОН ТО БАДАХШОН"